Деҳқонони ноҳияи Деваштич нақша доранд, ки истеҳсоли картошкаро то ба 230 ҳазор тонна расонанд

Октябрь 15, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сокинон ва деҳқонони ноҳияи Деваштич бо аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои лалмӣ​ сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд менамоянд. Соли равон деҳқонони сарбаланди ноҳия нақша доранд, ки истеҳсоли картошкаро ба 230 ҳазор тонна расонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, то ин дам қисми бештари ҳосил ҷамъоварӣ шуда, дар минтақаҳое, ки ҳаво нисбатан сард аст, ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад. ​

Кишоварзони ноҳияи Деваштич давоми солҳои охир ҷиҳати иҷрои супоришҳои Сарвари давлат​ майдони кишти картошкаро қариб 1000 гектар зиёд намуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва инчунин аз ҷониби худи аҳолӣ заминҳо обёрӣ шуда, кишоварзон барои зиёд намудани истеҳсоли картошка тадбир меандешанд.

Ҳоло дар ноҳияи Деваштич 12​ намуди тухмии картошка парвариш  мешавад. Тибқи дурнамо деҳқонони ноҳия азм доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 15, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд