«ЭҲЁИ СИНАМО». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба 120-солагии асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов форуми байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Эҳёи синамо» бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар форум киношинос Саноат Азизова аз фаъолияти Комил Ёрматов дар «Тоҷикфилм» ёдовар шуда, меҳмонон ва насли ҷавонро бо фаъолияти ин ҳунарманд шинос намуд. Ҳамзамон синамогарон, киношиносон ва мутахассисони соҳа дар бораи ҳунари ин эҷодкори асил суҳбат намуданд. Дар форум китоби «Возвращение» — и Комил Ёрматов рӯнамоӣ гардид.
Дар ин китоб хотираҳои Комил Ёрматов аз беҳтарин лаҳзаҳои ҷавонӣ, таҳсил дар Москва, фаъолияти нахустини кориаш дар «Тоҷикфилм» ва фаъолияти минбаъдааш дар «Узбекфилм» муфассал тасвир шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» аз 15 то 19 октябри соли 2023 дар пойтахти мамлакат баргузор гардида, ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






