«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 30 октябр дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад

Октябрь 27, 2023 09:41

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вобаста ба баргузории озмун дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  доир шуд.

Дар он Вазири маориф ва илм, аъзои комиссия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Сараввал Матлубахон Сатториён ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос намуд.

Гуфта шуд, ки озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок менамоянд, ки ба  дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа ҳамчунин дархост гардид, ки дар ҷараёни озмун шаффофият таъмин ва аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузошта шавад.

Инчунин таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

АКС: Маркази марбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2023 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид