ХУШХАБАРИ ВАРЗИШӢ: Дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал роҳ ёфт

Октябрь 12, 2023 09:32

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 11 октябр дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» мақоми якумро касб намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бар дастаи мунтахаби Мянма бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳои дастаи  мунтахаби футзали Тоҷикистонро дар бозӣ Файзалӣ  Сардоров, Идрис Ёров ва Комрон Алиев ба нишон расониданд.

Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳар се бозии интихобӣ пирӯз шуд. Қаблан футзалбозони мо бар дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (6:3) ва Фаластин (6:1) ғалаба намуда буданд.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар Ҷоми Осиё оид ба футзал иштирок менамояд. Хотиррасон менамоем, ки  Чемпионати ҳабдаҳуми Осиё оид ба футзал соли оянда аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад.

 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал

 Гурӯҳи «E». Даври 3

 ТОҶИКИСТОН –  Мянма – 3:0

 Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 11 (1:0). Идрис Ёров, 12 (1:0). Комрон Алиев, 13 (3:0).

 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Файзалӣ Сардоров  (Тоҷикистон).

 11 октябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 2300 тамошобин.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд