Имрӯз иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба тамошои неругоҳи «Норак» мераванд

Октябрь 18, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари меҳмонони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» — намояндагони синамои давлатҳои Осиё, Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба шаҳри Норак дар назар буда, онҳо  бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Ҳамзамон  имрӯз дар Кинотеатри «Кайҳон»-и  Маркази савдои «Ашан» дар барномаи озмунӣ,    соати 10:00 то 11:45 филми коргардон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Фард Қодирӣ бо номи «Озурдагон» («Раздраженный», «TheAnnoyed»), соати 13:00  то 15:15 филми коргардон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Музаффар бо номи  «Дов» («Фортуна», «Fortune»), соати 15: 40 то 18:20 филми коргадон Мукеш Кумар Синх аз Ҷумҳурии Ҳиндустон  бо номи «Кулбаи дилкаш» («Sweethomesweet»), филми коргардони тоҷик Манзарали Шералӣ бо номи «Сарбор» («Обуза»), филми коргардон Гаруш Казарян аз Арманистон бо номи «Дили сиёҳи ман» («MyBlackHeart») ва филми коргардони тоҷик Зайнулобиддини Мусо бо номи «Бебозгашт», инчунин соати 18:40  то 20:30 филми коргардон аз Тотористон Валерий Байкеева бо номи «Километри 823» ( «823-й километр» манзури  тамошобинон гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 19 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мешавад. Дар он  меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 18, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд