Имрӯз Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ифтитоҳ мегардад

Октябрь 16, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз, 16 октябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин Синамоҷашнвора баргузор мешавад.

Ба иттилои масъулин, дар синамоҷашнвора меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

Дар доираи Синамоҷашнвора чорабиниҳои зерин- Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Эҳёи синамо» бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассиони соҳа, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон, Намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман», дарси «Устод ва шогирд» барои омӯзандагони Мактаби синамогарони ҷавони «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.

Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотетрҳои «Наврӯз», «Кайҳон», «Парфенон», «Ватан» ва «Зебуннисо» баргузор гардида, меҳмонони синамоҷашнвора ба тамошои мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Ваҳдат, дараи Ромиту Варзоб мераванд.

Ёдрас мешавем, ки аз 15 то 19 октябр дар пойтахти мамлакат Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» гузаронида мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Октябрь 16, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид