ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи иттифоқҳои касаба маҳсуб мешавад

Октябрь 24, 2023 13:07

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 октябр дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи иттифоқҳои касаба эътироф гардидааст. Бахшида ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суҳбат анҷом дод, ки дар зер манзури хонандагон гардонида мешавад. 

АМИТ «Ховар»:  Нахуст мегуфтед, ки баргузории ин рӯз  дар таърихи иттифоқҳои касаба аз куҷо ибтидо гирифтааст?

Маликшо Неъматзода: Баргузор намудани Рӯзи иттифоқҳои касаба ба ташаббуси Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, зеро дар ҳамин рӯз- 24 октябри соли 2019 Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мулоқот намуда буданд. Зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад».

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст,  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият менамояд. Мегуфтед, ки ҳадафи оинномавии федератсия аз чӣ иборат аст?

Маликшо Неъматзода: Тавре дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дарҷ гардидааст, «иттифоқҳои касаба кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шаҳрванд, бе мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гирад». Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар мамлакат  ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст. Мутобиқи маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ба ҳолати 1 сентябри соли 2023 дар ҷумҳурӣ 33 549 корхона, муассисаву ташкилот, новобаста аз шакли моликият фаъол буда, аз онҳо 19157 адад ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд ва 16912 адад бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 88,2 фоизро ташкил дод. Дар давраи соли 2023  шумораи умумии аъзои Иттифоқи касабаи Тоҷикистон 900 122 нафарро ташкил дода, теъдоди ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба 11 095 ададро ташкил дод. Ҳоло Федератсия 3 шурои вилоятӣ, 1 шурои шаҳрӣ ва 17 кумитаи соҳавиро муттаҳид менамояд.

АМИТ «Ховар»: Саҳми иттифоқҳои касаба дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои мамлакат чӣ гуна аст?

Маликшо Неъматзода: Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои мамлакат дар доираи шарикии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тавассути вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ шудааст. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд. Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳм гузошта, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳияти қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Яъне дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад. Бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави меҳнатӣ, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва амалӣ намудани дигар тадбирҳои иловагӣ соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки раванди муносибатҳои меҳнатӣ бояд бо риоя ва дар доираи ин санад ба танзим дароварда шаванд.

Кодекси меҳнат бо мақсади дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро пешбинӣ менамояд. Дар ин росто, Созишномаи генералӣ байни Ҳукумат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён мавриди амал қарор дорад. Ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, мусоидат намудан дар афзоиши даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии мамлакат, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ, таъмин намудани меъёрҳои ҳадди ақалли иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидии Созишнома ба ҳисоб мераванд.  Амали Созишномаи генералӣ бори дигар собит менамояд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ доим дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар асоси ин ҳуҷҷат созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва корхонаву ташкилот, сарфи назар аз шакли моликияташон шартномаҳои коллективӣ баста мешаванд. Аз соли 1996 то соли 2021 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоӣ – иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни ҷумҳурӣ ба имзо расидаанд. Аз ҷониби ташкилоти иттифоқҳои касабаи ҷумҳур  45 созишномаи соҳавии ҷумҳуриявӣ, 36 созишномаи минтақавии вилоятӣ, 337 созишномаи минтақавии соҳавии шаҳру ноҳиявӣ, 11095 созишнома  ва шартномаи коллективӣ дар корхона ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият амал менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар мавриди ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ гуфтед. Дар робита ба ин кадом тадбирҳои зарурӣ андеша шудаанд?

Маликшо Неъматзода: Албатта, назорати масъалаи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад.  Барнома оид ба паст намудани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 амал менамояд. Амалӣ гардидани ин санад ба коҳиш ёфтани шуғли ғайрирасмӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани шаҳрвандони қобили меҳнат, ба татбиқи барномаҳои мушаххаси беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум равона намудани маблағҳои буҷети давлат, зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва афзоиши буҷети давлат ва суғуртаи иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи шарикии иҷтимоӣ Федератсия бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар таҳия ва иҷрои бандҳои марбутаи «Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2023», «Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024» саҳм гузоштааст.

АМИТ «Ховар»: Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳамкории байналмилалии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон то кадом андоза пешрафт намуд?

Маликшо Неъматзода: Дар даврони истиқлолият Иттифоқҳои касаба тавонист, ки самти дигари фаъолияташро бо Ташкилоти Байналмилалӣ давом диҳад. Аз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мебошад.

Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 Конвенсия ва 22 Тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст. Дар ҷумҳурии мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани масъалаҳои меҳнатӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ ҳамкории муфид менамоянд. Инчунин Федератсия ва ташкилоти ҳамузв аз соли 1991 бо Ташкилоти байналмилалии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ ҳамкорӣ доранд, ки дар пешравии фаъолияти ташкилот, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва  иштирок дар семинару конфронсҳои илмиву оммавӣ нақши босазо дорад.

Имрӯз мақом ва манзалати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар байни ташкилоти байналмилалӣ мавқеи хосро доро буда, чандин ташкилоти соҳавии мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ  дар сатҳи байналмилалӣ проблемаҳои баҳсноки меҳнатӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро  баррасӣ менамоянд. Иштироки намояндагони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар семинарҳои байналмилалӣ ва пешниҳоду масъалагузориҳои онҳо пешравии фаъолиятро нишон медиҳад.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар доираи ҳамкории байналмилалӣ тибқи  Оиннома ва Ёддошти тафоҳум шуруъ аз соли 2015 бо якчанд иттифоқи касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамзамон соли 2021 Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии ин ниҳод дар соли 2024 ба уҳдаи  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон вогузор шудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Октябрь 24, 2023 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод