Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамоиш доир намуд

Октябрь 27, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ таҳти унвони «Масъалаҳои  таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ» ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагон аз «Хонаи китоби  Тоҷикистон»,  Китобхонаи  марказии  илмии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи  давлатии  патентию техникии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии  бачагонаи  ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар ва  кормандони  Китохонаи  миллӣ иштирок намуданд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшидаанд. Дар ҷомеаи имрӯза бо пешрафти илму техника ва технологияи иттилоотӣ ҳар соҳа дар ҳоли рушд қарор дорад, ки фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо низ аз ин раванд берун нест.

Библиографони касбии ватанӣ имрӯзҳо баҳри  рушду пешрафти ин соҳа ва мутобиқ гардонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти библиографии китобхонаҳо талош ба харҷ медиҳанд. Махсусан дар Китобхонаи миллӣ дар соҳаи библиография дар самти таҳияи дастурҳои библиографӣ такони ҷиддӣ дида мешавад. Бо мақсади беҳтар намудани ташаккули фонд, бо нашрҳои пуразиш пурра намудани онҳо, ки ба соҳаҳои пурранамоии китобхонаҳо ва инчунин шавқу эҳтиёҷоти хонандагон мувофиқат менамояд, дастурҳои тавсиявӣ-библиографӣ истифода бурда мешаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯз баланд бардоштани маҳсулнокии фаъолияти библиографӣ яке аз ҳадафҳои асосии библиографишиносони тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳоло вазифаи асосии библиографишиносӣ аз пайдо намудани роҳу воситаҳо барои баланд бардоштани маҳсулнокии фаъолияти библиографӣ иборат мебошад, зеро танҳо ин роҳ метавонад таъсири иҷтимоӣ ва сифатнокии библиогрфияро баланд бардорад.

Ҳамзамон маъруза дар мавзуи  «Заминаҳои  эҳёи  хадамоти  библиографӣ  дар Тоҷикистон» бахши дигари баррасишавнда  дар ҳамоиш буд. Дар он аз таърихи хадамоти библиографӣ ва душвориҳои кор дар ин соҳа сухан рафта, аз ҷумла баён шуд, ки хадамоти библиографӣ солҳои охир ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти китобхонаҳо маҳсуб шуда, давра ба давра инкишоф меёбад. Аз сарчашмаҳо ба ҳамаи мо маълум аст, ки нахустин китобдорон шакли шифоҳии библиографияро истифода менамуданд. Баъдҳо хадамоти библиографӣ мақоми махсусро соҳиб гардид, ки сониян барои роҳнамоии хонандагон,  дарёфти сарчашма, тартиби рӯйхати адабиёт  ва хулосаҳои библиографӣ истифода мегардад.

Мудири  шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи  марказии  илмии  ба  номи  Индира  Гандии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар робита ба фаъолияти босамари библиографии солҳои охир иброз намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста Солномаи нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро нашр менамояд, ки муҳаққиқону пажӯҳишгарон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Бояд гуфт, ки хадамоти библиографӣ солҳои 60-уми асри гузашта ба кор оғоз намуда буд ва муддате бо сабабҳои набудани имконоти дастрасӣ ба маводи зарурӣ фаъолияташро қатъ намуд.

Соли 2017 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат он дубора эҳё гардид то имрӯз яке аз самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи  марказии  илмии  ба  номи  Индира  Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор меравад.

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази милии патенту иттилоот»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз китобхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки бо хазинаи гаронбаҳояш дар рушду нумӯи илми муосир, коркардҳои илмию техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва обьектҳои моликияти саноатӣ саҳми назаррас дорад. Нақши китобхона ҷиҳати рушди соҳаи китобдорӣ назаррас буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар равияи кори худ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ низ кумаки методӣ ва амалӣ расонад.

Дар  анҷом намояндагон бархе камбудиҳои дар фаъолияти библиографии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ошкоршударо ном бурда, ҷиҳати рафъи онҳо ва беҳтар гардидани вазъи истифодаи дастурҳои библиографӣ, таҳияи онҳо ва тарғиби донишҳои библиографӣ    пешниҳодҳо намуданд.

Роҳбари муассисаи нашриявии «Ирфон» дар охири ҳамоиш аз чопи дастурҳои библиографии нашриёт  давоми чанд соли охир ҳарф зада, аз камтаваҷҷуҳии бисёр китобхонаҳои ҷумҳурӣ нисбат ба дастурҳои библиографӣ изҳори нигаронӣ намуд. Вай гуфт, ки муассисаи нашриявӣ ҳамасола даҳҳо дастури библиографӣ таҳия намуда, ба истифодабарандагон пешниҳод менамояд, аммо чанд вақти охир харидории дастурҳо хеле кам ба назар мерасад.

«Мо дар чанд намоиши китоб дастурҳоро ба китобхонаҳо шинос намуда, ҳатто чанд нусхаӣ тақдим намудем, ки барои пешбурди фаъолияти библиографӣ бо мо ҳамкорӣ намоянд, аммо ин вазъият то ҳол нигаронкунанда аст. Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳуриро барои ҳамкории судманд дар самти таҷдиди хадамоти библиографӣ ба ҳамкорӣ даъват менамоем ва умед аст дар якҷоягӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем»,- гуфт ӯ.

Дар ҷамъбаст иштирокдорон назару андешаҳои худро дар робита ба таҷдиди фаъолияти библиографӣ пешниҳод намуданд.

АКС: бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд
Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд
Байни нашрияи «Народная газета» ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Санкт-Петербург Ассамблеяи XIX генералии Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Дар Китобхонаи миллӣ китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ гардид
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят беш аз 300 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад
Дар Душанбе маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд