ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. 24 октябр «Истиқлол» ва «Персеполис» бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар сафар бо дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон ва дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар ҳамин рӯз дар сафар бо дастаи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар рақобат менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
2 октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни Чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар дар сатҳи баланд доир шуда, бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






