ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис»-и Эрон бо ҳам бозӣ намуданд

Октябрь 25, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Персеполис»-и Эрон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон бо иштироки 36 450 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба нафъи дастаи футболи «Персеполис» анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ибтидои нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 7-ум, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе имкони голзаниро аз даст дод. Сенин Себай дар дақиқаи 7-ум пеналтиро дуруст иҷро намуда натавонист. Тӯбро дарвозабони дастаи «Персеполис» Алиризо Бейронванд баргардонид. Саид Содиқӣ, ҳамлагари мизбонон, дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 44-ум тӯбро вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуда, ҳисобро дар вохӯрӣ кушод. Дар дақиқаи 71-уми бозӣ Саид Содиқӣ голи дуюмашро ба нишон расонид.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:3 бар дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар зафар ёфт ва ҳоло бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст.

Дар ду бозии қаблии худ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба муқобили дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 бозӣ намуда, аз дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуда буд.

Дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон пас аз ғалаба бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифт. Дастаҳои футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 1-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои охири гурӯҳ қарор гирифтаанд.

Вохӯриҳои боқимондаи дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе

7 ноябр | Даври 4

 «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Персеполис» (Эрон)

27 ноябр | Даври 5

 «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

5 декабр | Даври 6

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 25, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд