Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор ба фасли зимистон омода мебошанд

Октябрь 15, 2023 12:00

ҲИСОР, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин  ва Хона-интернати  беморони руҳии шаҳри Ҳисор нақшаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ  пурра иҷро гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Директори Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор Умар Акрамзода иброз намуд, ки «дар айни замон дар муассиса 242 нафар беморони руҳию маъюб зиндагӣ намуда, ба онҳо 122 нафар кормандон ба таври шабонарӯзӣ мувофиқи басти корӣ хизмат мерасонанд.  Ин табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои онҳо 84 тонна ангишт, 50 куб ҳезум ва 300 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаем. Инчунин як генератори барқдиҳанда,  20 гармкунаки барқӣ ва 6 печкаи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассиса бо хатти доимии озодӣ барқ таъмин аст, ки қувваи барқи он хомӯш намегардад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо ба давраи зимистони имсола омода буда, 242 нафар беморонро бо ҷои гарму хӯрокҳои лазиз таъмин намуда, ба онҳо дар сатҳи баланд хизмат мерасонем».

Дар анборҳои  Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани беморон 6500 кг картошка, 2000 кг пиёз, 11 тонна орд, 700 литр равған, 600 кг биринҷ, 700 кг шакар ва 1650 банка шарбати меваю шакароб ва бодирингу қайлаи помидор захира шудааст. Дар назди Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор хоҷагии ёрирасон бо масоҳати зиёда аз 15 гектар замин мавҷуд аст,  ки дар натиҷаи самаранок истифода намудани замини он  соли равон ба маблағи умумии 131 ҳазору 537 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.

Тибқи иттилои масъулини Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, дар ин ду муассиса то имрӯз 100 тонна ангишт ва 50 куб ҳезум захира гардидааст. Ҳоло синфхонаҳо ва утоқҳои хоби кӯдакон бо гармӣ таъмин мебошанд. Аз маълумоти масъулини ин муассиса бармеояд, ки барои бо гармӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои хобу синфхонаҳои бошандагон ду дегхона, 35 гармкунаки барқӣ ва 11  печкаи аловӣ омода мебошанд. Ҳамчунин  барои дар фасли зимистон сари вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани  кӯдакони эҳтиёҷманд тамоми тадбирҳо андешида шуда, ҳоло дар ин самт ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд