«МАЛАКАИ РОҲБАРӢ». Дар Душанбе даври ғайринақшавии такмили ихтисос оғоз ёфт

Октябрь 23, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сардорон (мудирон), сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисони шуъба (бахш)-и кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» даври  ғайринақшавии такмили ихтисос оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ифтитоҳи машғулият роҳбарияти  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия ва шунавандагони давр иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи машғулияти такмили ихтисос иштирокчиён вобаста ба мақому манзалат ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумату давлати  мамлакат ба занон сухан гуфтанд.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо намуда, дар тамоми соҳаҳо фаъолияти назаррас доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати занону духтаронро қадр ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро пайваста дастгирӣ менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд