Намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо Парки табиӣ-таърихии «Ширкент» шинос шуданд
ДУШАНБЕ,17.10.2023/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи манотиқи табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти он тадбирҳои муассир меандешад. Чунин гуфт Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба 30-солагии таъсиси Парки табиӣ-таърихии «Ширкент» дар дараи Ширкент баргузор гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки Парки табиӣ – таърихии «Ширкент» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 1993 бо мақсади ҳифзу нигоҳдории генафонди беҳамтои олами ҳайвоноту наботот, инчунин нигоҳ доштани изҳои динозавр ва рушди сайёҳии экологӣ дар майдони 3000 гектар ташкил гардидааст.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ барои меҳмонон барномаи ҷолиб ва намоиши мусаввараҳои олами бойи набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ташкил шуда, имконияти сайёҳии фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва экологии шаҳри Турсунзода, бахусус дараи Ширкент ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






