Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи VIII сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо иштирок намуд

Октябрь 19, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи VIII сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ» доир гардид, иштирок ва маъруза намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Ҳамзамон намояндаи Тоҷикистон дар кори Конфронси  VII байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон: мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин байни омбудсменҳо» иштирок намуд.

Дар кори конфронс имсол ба ғайр аз аъзои доимии ААО (ЕАО) Арманистон, Тоҷикистон Эрон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия ва Сербия омбудсменҳои  Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Мали, Малави, Баҳрайн, Никарагуа, Ҳабашистон, намояндагон аз Беларус, дар маҷмуъ 37 намояндаи омбудсменҳои давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласаи сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо 17 октябр муроҷиатномаҳои Президенти Федератсияи Русия, Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири тандурустии Федратсияи Русия ба ҳамагон ва иштироккунандагони ҷаласа расонида шуд.

Дар ҷаласаи сатҳи баланд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, доир ба масъалаҳои мубрами таъмини ҳуқуқ ба саломатӣ ва расонидани кумаки тиббӣ, инчунин татбиқи чораҳо дар сатҳи давлатӣ оид ба таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳифзи саломатӣ ва расонидани ёрии тиббӣ заминаи мукаммали қонунгузорӣ ташаккул ёфтааст. Якчанд барномаҳои давлатӣ ва стандартҳои ҳуқуқӣ барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ба саломатӣ дар сатҳи давлатӣ ва минтақавӣ аллакай таҳия шудаанд.

Зимни баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Алянси авруосиёии омбудсменҳо ва Конфронси байналмилалӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омбудсменҳои давлатҳои иштирокдор вохӯриҳои дуҷонибаи судманд анҷом дод, ки дар ҷараёни он масъалаҳои вазъи ҳуқуқии инсон дар шароити имрӯза, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуданд. Инчунин дар доираи мулоқотҳои мазкур  масъалаҳои асосии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омбудсмени ин давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд