Нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон 8,2 фисад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имконияти мавҷуда дар вилояти Хатлон натиҷаҳои рушди минтақавӣ 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар 9 моҳи соли равон нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 23 миллиарду 655,9 миллион сомонӣ расид, ки дар маҷмуи нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуддати рушди иқтисодӣ 26,3%-и ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Дар ин давра нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,6% таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 745,2 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 60,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Саҳми шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Данғара, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Восеъ дар иҷрои нақшаи андозҳо чашмрас мебошад. Масъулини ин шаҳру ноҳияҳо нақшаи қисми даромади буҷетро сари вақт таъмин ва маблағҳои барзиёди буҷетро барои хуррамгардонию боз ҳам зебо гардонидани симои шаҳраку деҳот, сохтмону таҷдиди роҳҳо, чароғонкунӣ ва дигар ободкориҳо равона намудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






