Ғолибони даврҳои минтақавии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ин маросим ба ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо қарори раиси вилоят барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва мураббиёни онҳо 1 миллиону 481 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 853 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд






