ҶОМИ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ». Имрӯз ғолибони мусобиқа оид ба футболи хурд муайян мешаванд

Октябрь 20, 2023 15:47

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз бозии даври ниҳоии Ҷоми дастаи «Истиқлол» оид ба футболи хурд баргузор мегардад. Барои ба даст овардани мақоми аввал дар дидори ниҳоӣ дастаҳои футболи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Олуча такси» рақобат менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Пеш аз бозии финалӣ рақобат барои ишғоли ҷои сеюм байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Ориёнбонк»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Пас аз анҷоми дидори ниҳоӣ маросими қадрдонии ҷоизадорон ва беҳтаринҳои мусобиқа доир мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки дар бозии даври нимниҳоӣ мизбони мусобиқа- дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 0 бар 3 аз дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мағлуб шуд.

Дар бозии дигар дастаи «Ориёнбонк» бо ҳисоби 1 бар 6 аз дастаи «Олуча Таксӣ» шикаст хӯрд. Дастаи футболи «Олуча Таксӣ» бори аввал дар таърихи ин мусобиқа ба финал роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи Ҷоми дастаи «Истиқлол», ки бахшида ба 32-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо иштирок намуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Дастаҳое, ки барандаи медали нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд. Беҳтарин бозингарон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 20, 2023 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад