ҶОМИ КФО-2023/24. Бозии дастаҳои «Равшан» ва «Алтин Асир» мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Олтин Асир»-и Туркманистон ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта- «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳои футболи «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳи «Ашқобод» дар ҳузури 16 000 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба анҷом расид. Тӯбҳоро аз ҳайати дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб – Эммануэл Мваненго дар дақиқаи 17-ум ва аз ҳайати мизбонон Оразсаҳед Муратбердиев дар дақиқаи 52-юм ба нишон расониданд.
Ҳоло барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта- дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бо дастаи «Абдиш-Ата» -и чемпиони Қирғизистон бозӣ менамояд. Ин дидор 26 октябр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 дар шаҳри Ҳисор бозӣ намуда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад






