ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон бар дастаҳои футзали Ҳиндустон ва Фаластин ғалаба намуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е», ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, пирӯзии дуюми худро ба даст овард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024 дар бозии 9 октябр бар дастаи мунтахаби Фаластин пирӯз шуд. Дар ин бозӣ футзалбозони Тоҷикистон бо роҳбарии Пайрав Воҳидов бар дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби калони 6:1 пирӯз шуданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «Е» дар ин рӯз дастаи мунтахаби Мянмор бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври охир 11 октябр, соати 19:00 барои роҳхати Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи мунтахаби Мянмор рақобат менамояд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дастаҳои мунтахаби футзали Фаластин ва Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат менамоянд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон 7 октябр дар бозии якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд. Дар дидори дигари гурӯҳи «Е» дар ин рӯз дастаи мунтахаби Мянмор бар дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба намуд.
Ба гурӯҳи «Е» дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024 дастаҳои мунтахаби яккачини Тоҷикистон, Мянмор, Фаластин ва Ҳиндустон шомил ҳастанд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳ, ҳамчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2024, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






