Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Фархор ба бунёди Қасри фарҳанг санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок намуданд.
Тавре гуфта шуд, бинои Қасри фарҳанг 3-ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон буда, ба маблағи 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 гектар бунёд мегардад.
Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони он аз ҷониби мутахассисони ҶСК «САНИИОСП» анҷом дода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.
Гуфта шуд, ки бо бунёди ин иншооти фарҳангӣ шароити фаъолияти аҳли фарҳанги ноҳия боз ҳам беҳтар гардида, он бо тарҳи зебояш намои маркази ноҳияро назаррабо мегардонад.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд






