Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Маркази ҷавононро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 20, 2023 09:11

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.

Маркази ҷавонон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар ин бино барои фаъолияти ҷавонон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Фармоишгари иншооти нав Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Қудрати Данғара” мебошад. Корҳои сохтмонӣ соли 2021 шуруъ шуда, бино дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 сохтмончии маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардид.

Ҳамчунин дар дохили иншоот барои омӯзиши ҷавонон синфхонаҳои барҳавои замонавӣ барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ бо таҷҳизоти замонавӣ сохта шудаанд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо ҷавонон онҳоро ба илмомӯзӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Иншоот дорои толори мачлисгоҳ ва ҳуҷраҳои барҳаво буда, дар онҳо шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Намои дохилӣ ва берунии иншоот бо шаклу унсурҳои миллӣ ва муосир оро ёфтааст, ки ба маркази ноҳия ҳусни дигар зам менамояд.

Ифтитоҳи бинои маркази ҷавонони ноҳияи Восеъ 20.10.2023

Октябрь 20, 2023 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд