Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 20, 2023 09:10

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи энергетикӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Бонки Осиёии рушд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Фармоишгари иншоот ҶСК “Барқи Тоҷик” буда, паймонкор ширкати консорсиуми “Генсер ва Ҷенерал электрик” мебошад. Зеристгоҳ бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат сохта шудааст.

Иншоот бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дорои сифати баланд аст.

Дар зеристгоҳи навбунёд 15 нафар мутахассис, ки сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии 110/10 кВ Рӯдакӣ ва хатти интиқоли барқи 110 кВ Восеъ — Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ 25 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Рӯдакӣ ва 200 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ истифода мебаранд.

Ин иншоот низ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланд буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст. Дар иншооти навсохт 16 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Дар саҳну атрофи зеристгоҳи барқӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудаанд. Роҳравҳои иншоот пурра сафолакпӯш гардида, атрофи он чароғон шуда, бо деворҳои иҳотавӣ маҳкам гардидааст.

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии Восеъ, зеристгоҳи барқии Рӯдакӣ ва хатти интиколи барқ дар ноҳияи Восеъ 20.10.2023

Октябрь 20, 2023 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст