Раиси вилояти Суғд бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд омада, бо сохтмони коргоҳи равғанбарории ҶДММ «Сирдарё» шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 50 тонна равғани офтобпарасту чигит ва 50 тонна кунҷора истеҳсол намояд.
Дар корхона барои истеҳсоли равғани растанӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҷҳизот ва технологияи муосир оварда, васлу насб мешавад.
Дар коргоҳи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сирдарё» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷм равған, ки аз як то панҷ литрро дар бар мегирад, иборат буда, маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида мешавад.
Раиси вилоят сипас бо фаъолияти ҶДММ «Шишакор» ва маркази диллерии «Тойота» шинос шуда, барои дар вақти муайяншуда ба охир расонидани корҳо тавсияҳои муфид дод.
Дар ҶДММ «Шишакор», ки дар он истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда-шишаҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда мешавад, айни замон 40 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик сохтмони корхона ба охир расад.
Дар маркази диллерии «Тойота» бошад фурӯши ин навъи мошин ва қисмҳои эҳтиётии он ба муштариён пешниҳод хоҳад шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон






