Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо фаъолияти Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардид

Октябрь 13, 2023 09:08

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми 2-юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, ки аз 5 то 8 октябр баргузор гардид, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қудрат Давлатзода бо фаъолияти Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникӣ хабар доданд.

Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Академияи давлатии авиатсияи Беларус факултети муштарак фаъолият дорад. Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  пас аз хатми курси 1 дар ин академия таҳсилро идома медиҳанд.

Факултети авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Беларус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ соли 2016 таъсис ёфта, мақсади он қонеъ намудани эҳтиёҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ мебошад.

Нақшаҳои таълимии факултет дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус таҳия ва дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд. Таълим дар факултет бо забони русӣ мебошад. Дар факултет ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти махсус дода шуда, бо ин мақсад синфхонаҳои лингафонӣ муҷаҳҳаз ва мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.

Дар факултет омоданамоии мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин: истифодаи техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ; истифодаи техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти барқӣ-равшанидиҳӣ); истифодаи техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти радиоэлектронӣ); ташкили ҳаракат ва таъмини парвозҳо дар нақлиёти ҳавоӣ (ташкили ҳаракати ҳавоӣ) ба роҳ монда шудааст.

Марҳилаи аввали таҳсил (курси 1) дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва марҳилаи дуюм (курсҳои 2,3,4 ва 5) дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус бо ҳимояи диплом ва додани дараҷаи касбӣ амалӣ мешавад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Октябрь 13, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид