«РИВОЯТҲОИ ҶОВИД» ДАР «ЧОДАРИ ХАЁЛ». Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак дар Душанбе бо ин намоиш оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо намоиши «Ривоятҳои ҷовид»-и ҳунарпешагони Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон кушода шуд.
Дар саҳни театр меҳмононро роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони театр дар фазои идона ва бо шукуҳи хосса пешвоз гирифтанд.
Ҳар як ҳайати ҳунарпешагоне, ки аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ба ин фестивали байналмилалӣ омадааст, намоиши театрии худро манзур менамояд.
Фестивали байналмилалии «Чодари хаёл» дар Душанбе шуруъ аз имрӯз ба иди лӯхтакҳо, даврони бачагӣ, ки бо некӣ, бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ тавъам буда, барои иттиҳоди фарҳангии давлатҳо хизмат менамояд, табдил мегардад.
Ҳамзамон имрӯз, соати 15:00 намоиши «Қанотҳои озодапаланг» дар иҷрои ҳунарпешагони Театри лӯхтак ва тамошобини ҷавони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон манзури тамошобинон мегардад.
Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» то 28 октябр идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






