Санъати миллии гулдӯзии тоҷикӣ «чакан» дар Женева муаррифӣ гардид

Октябрь 25, 2023 14:20

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Санъати миллии гулдӯзии тоҷикӣ «чакан» дар намоишгоҳи «Эҷоди ҷаҳони беҳтар», ки бахшида ба рӯзи таъсиcи Созмони Милали Муттаҳид 24 октябр аз ҷониби Директори генералии Дафтари Созмон дар Женева Татяна Валовая ифтитоҳ гардид, муаррифӣ  шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, намоишгоҳ то 10 ноябри соли 2023 идома меёбад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти  байналмилалӣ дар Женева, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар намоишгоҳ «чакан» – санъати миллии гулдӯзиро, ки соли 2018 ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид шудааст, муаррифӣ намуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эътирофу дастгирии аҳамияти ҳунарҳои мардумӣ дар саросари ҷаҳон ва таблиғи фарҳанг ҳамчун василаи муколама байни миллатҳо мебошад.

Меҳмонон дар намоишгоҳ бо анъанаҳои миллии Тоҷикистон шинос  шуданд.

Таъкид гардид, ки «чакан»  ҳамчун як навъи ҳунари мардумӣ дорои таърихи бисёр қадимӣ буда, бо рӯзгор, расму оин ва ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик иртиботи зич дорад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конфедератсияи Швейтсария

Октябрь 25, 2023 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд