Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Абдусолеҳ» ва «Ҳоҷидавлат» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Абдусолеҳ» ва «Ҳоҷидавлат»-и ноҳияи Кӯшониён шинос гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Абдусолеҳ» дорои як гектар замини корами обӣ буда, дар он гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудаанд.
Хоҷагидорон дар кишти аввал кишту парвариши бодирингро ба роҳ монда, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникаи парвариш тавонистанд 370 сентнер ҳосили хушсифати ин намуди сабзавотро ба даст оранд.
Ҷамъоварии ҳосили фаровону хушсифати бодирингро аз моҳи март шуруъ намуда, то моҳи июн дар баробари бозорҳои ноҳия ҳамзамон дар фаровонии бозори дигар минтақаҳои мамлакат низ ҳиссагузорӣ намудаанд.

Дар кишти такрорӣ хоҷагидорон кишту парвариши помидори навъи «Замира»-ро ба роҳ монда, аллакай аз аввалҳои моҳи сентябр ба ҷамъоварии ҳосили фаровону хушсифати он машғул мебошанд.
Тавре мушоҳида мегардад, натиҷаҳои заҳмати кишоварзон самараи дилхоҳ ба бор меорад, зеро ҳосили онро то охири сол ҷамъоварӣ намуда, ба бозор пешниҳод менамоянд. Онҳо парвариши зироатро дар гармхонаи доимамалкунанда бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда, ин шакли корро аз бисёр ҷиҳат барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳи меҳнатӣ муфид арзёбӣ менамоянд.
Зеро ин усул имкон медиҳад, ки дар баробари сарфаи об ҳамзамон коркарди байни қаторӣ низ кам карда шуда, инчунин ғизодиҳи низ тавассути он ба роҳ монда шавад.
Масоҳати хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷидавлат» 3,3 гектаро ташкил медиҳад. Дар хоҷагии мазкур аз соли 2022 дар майдони 1,5 гектар гармхонаи доимамалкунанда бунёд шуда, дар он бо инобати талаботи бозор кишту парвариши сабзавоти гуногун, бахусус помидор ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагидорон парвариши навъи тухмии ба иқлими минтақа мутобиқи «Замира»-ро ба роҳ монда, дар натиҷаи коркарди саривақтии агротехникаи парвариш тавонистанд ҳосили фаровону хушсифати онро ба даст оранд.


Ҳавасмандии деҳқонон ба кори хоҷагидори боис ба он гардидааст, ки онҳо сол аз сол фоидаи хуб ба даст оварда, фаъолияти кории худро равнақ бахшанд. Ба андешаи онҳо, таҷдиди соҳа имконияти васеъро дар самти афзун гардонидани маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ фароҳам овард. Зеро хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа тавонистанд, ки тавассути таҷриба намудани роҳу усулҳои пешқадаму манфиатовари соҳа ба натиҷаҳои хуб расида, дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ, ҳамзамон содироти маҳсулотро ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монанд.
Дар хоҷагии мазкур 7 саҳмдор фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо дар як моҳ 1500 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин ҳангоми корҳои агротехникӣ кормандони кироя ҷалб карда мешаванд.
Айни замон ҳосилнокии помидор хуб арзёби гардида, хоҷагидорон боварӣ доранд, ки то охири сол ҳосили онро ҷамоварӣ намуда, дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд. Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Кӯшониён, сокинон, ки дар самти парваришу истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ таҷрибаи бой доранд, аз ин ҳисоб сол аз сол майдони гармхонаҳои мавсимию доимамалкунандаро васеъ намуда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли онро низ афзун менамоянд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия майдони гармхонаҳои мавсими 192 гектар ва доимӣ наздик ба шаш гектарро ташкил медиҳад. Дурнамои истеҳсоли сабзавот дар соли равон 55 ҳазору 426 тонна мебошад, вале кишоварзон тавонистанд то ба имрӯз беш аз 60 ҳазор тонна маҳсулоти тару тоза истеҳсол намоянд ва ин раванд идома дорад.
Сабзавоти истеҳсолкардани кишоварзони ноҳияи Кӯшониён асосан помидор, бодиринг, кабудиҳо, сабзӣ, карам, шалғам, турб, қаланфури ширину тез, боимҷон ва ғайра буда, дар ҳама фаслҳои сол пешниҳоди сокинон гардонида мешавад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Кӯшониён инчунин дар ифтитоҳи бинои таълимии иловагии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60 иштирок намуд.
Бинои мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба маблағӣ 385 ҳазор доллари ИМА бунёд гардида, дар он шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои иловагӣ аз 10 синфхона иборат буда, барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд






