Шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон маблағгузоришаванда доир шуд

Октябрь 30, 2023 17:59

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда дар семоҳаи сеюми соли 2023 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи сармоягузорӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки Осиёии Рушд, инчунин агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии  аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар айни замон бо малағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҷумҳурӣ 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 922,8 млн доллари ИМА дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, обтаъминкунӣ, ирригатсия, экология ва дигар соҳаҳо амалӣ мешаванд.

Вобаста ба амалишавии лоиҳаҳо, дастовард ва мушкилоти ҷойдошта ҳисоботи роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузоришаванда шунида шуда, ҷиҳати таъмини саривақтии татбиқи онҳо тибқи ҳадафҳои лоиҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2023 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд