Соли 2024 Тоҷикистон мизбони Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
ДУШАНБЕ, 03.10. 2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШБО ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони 9 хадамоти миллии обуҳавошиносии давлатҳои аъзо иштирок намуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории шуро тасдиқ гардид, ки соли 2024 Тоҷикистон мизбони баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа Директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода ва мутахассисони соҳа дар гурӯҳҳои корӣ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа қарорҳои нақшаи панҷсолаи фаъолият дастҷамъона муҳокима гардида, мувофиқи ҳуҷҷатҳои идоракунии ҷаласа директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода Раиси Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ барои давраи навбатӣ таъйин гардид.
Дар суханронии ниҳоӣ намояндаи Тоҷикистон барои эътимоди Шуро изҳори миннатдорӣ намуда, таклиф пешниҳод намуд, ки ҷаласаи навбатии 35-уми ШБО ИДМ соли оянда дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ин таклиф қабул гардид.
Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ (ШБО ИДМ) 8 феврали соли 1992 тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ барои ҳалли масъалаҳои қабул ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ барои пешгӯии равандҳои обуҳавошиносӣ, таъсири онҳо ба муҳити зист, таъмини мақомоти идоракунӣ ва аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ ва огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти табиӣ таъсис дода шудааст.
Дар кори Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ 10 мамлакати иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Молдова ва Федератсияи Русия иштирок менамоянд. Инчунин ҳайатҳои Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ба сифати нозир дар кори ҳамаи ҷаласаҳои Шуро иштирок менамоянд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






