«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН». Аз 2 то 4 ноябр дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ доир мегардад

Октябрь 29, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 ноябр дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Маросими расмии кушодашавии Намоишгоҳ 2 ноябр, соати 09:00 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва меҳмонони хориҷӣ доир мегардад.

Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» аз ҷумлаи намоишҳои бузургмиқёсе аст, ки давоми 10 сол тамғаҳои миллиро муайяну қадрдонӣ менамояд. Ин чорабинӣ  дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар Тоҷикистон амалӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар мамлакат ва берун аз он мебошад. Ин иқдом ба он мусоидат намуд, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шуда, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардад.

Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз ҷониби Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оила» соли 2013 ташкил шуда, тӯли 10 сол аст, ки дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.

Ба иттилои роҳбари лоиҳа, директори Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» Шаҳноз Ҳамдамова, дар ин муддат чандин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ аллакай муаррифӣ шуда, тамғаи онҳо ҳамчун бренди боэътимод аз ҷониби харидорон шинохта ва доираи тиҷорату хизматрасониҳояшон васеъ гардид.

«Ин ширкатҳо таҷрибаи иштирок дар намоиш-фурӯшҳои калонро пайдо намуда, аллакай дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ бренди миллии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ки ин ба ғанӣ гаштани буҷаи мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд», — гуфт Шаҳноз Ҳамдамова.

Дар доираи лоиҳа ҳамасола намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Ҳар сол дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешавад. То имрӯз лоиҳа ҳудуди 300 ширкати истеҳсолкунандаи ватаниро ба харидорон муаррифӣ намудааст. 

Имсол низ тамғаҳои интихобшуда аз ҳисоби корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор, истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоишгоҳ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд. Давоми 3 рӯз шаҳрвандону меҳмонони мамлакат имкон доранд, ки аз намоишгоҳ маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонии дилхоҳашонро бо нархҳои дастрас пайдо намоянд. Даромад озод аст.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 29, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд