Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ёрии равонию иҷтимоӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ шарики давлат мебошанд

Октябрь 25, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) тасдиқ мекунад, ки солимии равонӣ ин ҳолати некӯаҳволӣ мебошад, ки инсон дар он аз қобилиятҳои худ огоҳ буда, метавонад бо фишорҳои муқаррарии зиндагӣ мубориза барад, самаранок кор кунад ва дар рушди ҷомеае, ки ба сар мебарад, саҳм гузорад. Дар маҷмӯъ, ин истилоҳи мураккабест, ки фарогири ҳолатҳои мухталиф, аз қабили асабхастагӣ; ихтилоли изтироб; ҷароҳат; афсурдагии рӯҳӣ; дарди музмин; паст будани худбаҳодиҳӣ ва ғайра мебошад. Тағйироти ҳолати эҳсосоти мо дар тӯли ҳаёт комилан муқаррарӣ аст. Аммо, агар ин тағйиротҳо бе ягон сабаб ба амал омада, ба сифати зиндагии шумо таъсир расонанд, ин метавонад аломати аз бемории рӯҳӣ ранҷ кашидани шумо бошад.

Тибқи пажӯҳишҳои мухталиф, муҳоҷирони корӣ ҳангоми будубош дар хориҷа ба омилҳои зиёди манфӣ, аз қабили ба таъхир монондан ё умуман напардохтани маош, шароити бади корӣ, нотавонӣ дар натиҷаи шуғли ғайриқонунӣ ва ғайра дучор мешаванд. Ин ба ҳолати рӯҳии онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад ва метавонад минбаъд сабаби бемориҳои вазнин гардад.

 «Тамоюл дигар шудааст» — мегӯяд Рафоат Бобоева, — муҳоҷирони меҳнатӣ на  танҳо ҳамчун пуштибон ва таъминкунандаи  оила мебошанд ва имрӯз бояд ба назар гирифт, ки худи онҳо низ ба дастгирӣ ниёз доранд ва ин сабабҳои асоснок дорад. Аввалан, аксари муҳоҷирони бозгашта онҳое мебошанд, ки аз дигар кишвар хориҷ шудаанд ва аз ҷумла  ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русияро надоранд; дуюм, муддати дароз онҳо кор пайдо карда наметавонанд ва аз ин ру афсурдахотир мешаванд. Дар натиҷа на танҳо худи онҳо, балки ҳар як аъзои оила онҳо низ ба дар фикр банд мемонанд. Вазъият баъзан ба ҳадде сангин мешавад, ки бархе аз хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ҳатто наметавонанд фарзандони худро ба мактаб баранд. Ҳамагӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ташкилоти мо зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон барои кӯмаки равонӣ-иҷтимоӣ муроҷиат кардаанд, беш аз 20%-и онҳоро мардоне ташкил медиҳанд, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд ва ба онҳо раисони маҳаллаҳояшон маслиҳат додаанд, ки ба ташкилоти мо муроҷиат кунанд. Қаблан созмони мо ба маъюбон, занони танҳо ва одамоне, ки бо қонун мухолифат кардаанд, кӯмаки равониву иҷтимоӣ мерасонид. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки доираи хизматрасониро васеъ кардан лозим ва набояд танҳо бо табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки дар натиҷаи қолабҳои шахшуда аз тарафи умум кабул шудаанд, маҳдуд гардем».

Муҳоҷирон пас аз бозгашт ба ватан зери фишори баланди равонӣ қарор дошта, ба кӯмаки равонӣ ниёзманданд. Тадқиқоти СБМ мушкилотро оид ба дастрасии муҳоҷирон ба хидматрасониҳои зарурии равониву иҷтимоӣ ва тамғагузорӣ ба афроди гирифтори мушкилоти равонӣ ошкор кардааст.

Намояндаи Ассотсиатсияи равоншиносони Тоҷикистон Зебо Қодирова, ки корманди кафедраи психиатрия, асаб ва психологияи клиникии ба номи М.Ғуломови ДДТТ ба номи М. Абӯалӣ ибни Сино мебошад, вазъи нокофии хадамоти давлатии иҷтимоӣ ва марказҳои алтернативии хизматрасонии равоншиносии назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои муҳоҷирони бозгашта бо эҳтиёҷоти равонӣ-иҷтимоиро шарҳ дод: «Нахуст, кор бо одамоне, ки рафтору кирдорашон ғайримуқаррарист, эҳсосоташонро идора карда наметавонанд, ошуфтаю парешонхотиранд, беэътино ҳастанд, камбудии худро нодида мегиранд, хеле душвор аст. Сониян, мушкилоти равоншиносон ва асабшиносон хеле зиёд буда, пардохтҳои иловагӣ барои зараровар будани касб ва дур будани маҳалҳо мавҷуд нест. Сеюм, дар минтақаҳо ҳавасмандии мутахассисони ҷавон бояд бошад  ба онҳо замин барои бунёди хона ва  барои хоҷагии ёрирасон додан зарур аст. Ҳамаи ин боиси набудани марказҳои офиятбахшии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ мегардад, ки солҳо дар беморхонаҳои рӯҳӣ бистарӣ шуда, маҳорати касбии худро гум карда, дар ниҳоят маҳорати иҷтимоиро низ тадриҷан аз даст медиҳанд».

Аммо, тавре Зебо Қодирова қайд мекунад, як қатор ҷанбаҳои мусбат низ вуҷуд доранд: «Шавқу рағбати насли наврас ба илми равоншиносӣ зиёд шуда, қисми бештари донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ психологияи клиникӣ ва психиатрияро ҳамчун ихтисоси худ интихоб мекунанд. Худи одамон, низ бештар ба мутахассисон муроҷиат карданд, на ба қаллобону фолбинҳо ва ҷодугарон. Вазифаи Ассотсиатсияи равоншиносони Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҷомеаи ягонаи касбии равоншиносони клиникӣ, рвонпизишкон ва равоншиносонро ташкил намуда, барои кишвари худ мутахассисони серталаб: равоншиносони криминалӣ ва клиникӣ, психотерапевтҳо ва таҳлилгарони равониро омода созем».

Ба ҷуз аз Анҷумани равоншиносон, дар кишвар як қатор созмонҳои ҷамъиятии дигар низ ҳастанд, ки ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо кӯмак мерасонанд.

Маркази дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии «Фемида» [1] дар ҳамкорӣ бо СБМ Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ дар самти мубориза бо қочоқи инсон, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони осебпазир ва аъзои оилаи онҳо кор мебарад. Дар назди ин ташкилот як гурӯҳи мутахассисон иборат аз ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ ба таври доимӣ амал намуда, ба баҳрабарандагон, ба истилоҳ бенефитсиарҳои Фемида дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд. Дар ҳолати зарурӣ тими созмони ҷамъиятии «Фемида» ба дигар манотиқи Тоҷикистон низ сафар мекунад.

 «Механизми расондани кӯмак дар давоми чандин сол то ба дараҷаи автоматиконӣ кор карда баромада шудааст», мегуяд корманди ташкилоти «Фемида» Ғоибназар Давлатбеков. «Аввал мо баҳрабарандагонро муайян мекунем ва агар ӯ ба меъёрҳои мо (қурбонии хариду фурӯши одамон ё муҳоҷири осебпазир) мувофиқат кунад, мо ниёзҳои ӯро ва номгӯи хидматрасониҳои заруриро муайян намуда, ба ӯ кӯмак мекунем. Агар ӯ ба кумаки равонӣ ниёз дошта бошад, равоншинос, агар ба кӯмаки иҷтимоӣ ниёз дошта бошад, корманди иҷтимоӣ, агар ба маслиҳати ҳуқуқӣ ё ҳимоя ниёз дошта бошад, ташкилот адвокат пешниҳод мекунад. Тайи солҳои ахир дар чаҳорчӯби ин тарҳ, ки мо бо дастгирии СБМ Тоҷикистон амалӣ мекунем, садҳо нафар ҳамватанони мо аз кӯмакҳои мо баҳраманд шуданд».

Созмонҳои расонаҳои хабарии Тоҷикистон низ дар рушди хидматрасонӣ барои муҳоҷирони корӣ ба давлат кумак мекунанд. Масалан, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ширкати телевизионӣ ва радиоии «Тироз» (вилояти Суғд) дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ портали иттилоотию таълимии «Муҳоҷир — Мобайл» [2] — вебсайти махсуси мавзӯӣ ва шакли мобилии интерактивии онро таъсис дод, ки мухоҷирони корӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳоро бо тамоми сохторҳои дар ин самт амалкунанда аз қабили мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фаъолони шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва воситаҳои ахбори омма муттахид намудааст.

Расонидани ёрии равонию иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонад эҳтиёҷоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳоро ба хизматрасониҳои зарурӣ ҷуброн намояд. Зимнан, устувории кори созмонҳои ҷамъиятӣ, ки аксаран ба кӯмакҳои бебозгашти созмонҳои байналмилалӣ вобастаанд, таваҷҷӯҳи сохторҳои давлатиро низ тақозо мекунанд. Дар шароити нарасидани мутахассисони соҳаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд ба соҳаи тандурустӣ дар расонидани хизматҳои оддитарини соҳаи ёрии равоншиносию иҷтимоӣ-равонӣ ба аҳолӣ кӯмак кунанд. Механизми фармоиши иҷтимоӣ ва грантҳои давлатӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонад яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот гардад.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати қабули Қонун «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» [3] дар соли 2008, механизмҳои маблағгузории давлатӣ, фаъолият ва лоиҳаҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иҷтимоии давлатӣ ва ҳалли масоили иҷтимоӣ нигаронидашудаи марбут ба саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо кор таъмин намудан ва ба матобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо муайян гардидаанд. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон 57 созмони ҷамъиятӣ аз буҷети кишвар барои кӯмак ба маъюбон грант дарёфт мекунанд, ки расонидани кӯмаки равониву иҷтимоиро дар бар мегирад.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Федератсияи Русия 68 диаспораи тоҷик фаъолият мекунанд. Дар давраи душвори пандемияи COVID-19 диаспораи тоҷик ба ҳамватанони худ кӯмаки бебаҳо расонида, бо маводи ғизоӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва расонидани кӯмаки равонӣ-иҷтимоӣ онҳоро дастгирӣ намуданд. Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диаспораҳо фаъолона ҳамкорӣ намуда, муҳоҷиронро барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқию иҷтимоӣ равона мекунанд.

«Ҳамсарон Хуршед ва Фотима Одинаевҳо аз ноумедӣ ва дар ҳолати хастагии руҳӣ ба «Ҷамъияти фарҳанги тоҷикони Сомон»-и шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия муроҷиат намуда, гуфтаанд, ки ҳарду барои чанд моҳ дар яке аз ширкатҳои покизагӣ кор кардаанд, шавҳар барои тоза кардани майдони берунӣ ва зан барои тоза кардани толорҳо масъул буданд. Ширкат онҳоро фиреб дода, ба онҳо тамоман музди меҳнат надодааст ва дар натиҷа онҳо бехона монданд. «Кӯшиш мекунем, ки фаъолияти хайрияамонро таблиғ накунем, аммо мутаассифона, аксар вақт муҳоҷирони меҳнатӣ бо чунин мушкилот ба мо муроҷиат мекунанд ва мо наметавонем онҳоро дастгирӣ накунем, зеро дарк мекунем, ки бинобар мавҷудияти монеаҳои равонӣ, мафҳумҳои «ин хел набояд бошад» ё то ба «ҷанҷол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ», аксари онҳо аз мо дар ҳолатҳои хеле шадид кумак мепурсанд, ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки дар остонаи худкушӣ қарор доранд» — мегӯяд раиси Шӯрои ҷамъият Фарух Мирзоев. «Мо ҳуқуқшиносони соҳибихтисос дорем, ки дар ин ҳолат ба ҷабрдидагон хидмати зарурӣ мерасонанд. Дар мисоли овардашуда мо ба оилаи Одинаевҳо кӯмак кардем, на танҳо ҷубронпулӣ гирифтанд, балки онҳоро бо ҷойи кор низ таъмин кардем. Хушбахтона, Фотима маълумоти тиббӣ дошт, аз ин рӯ ба ӯ ҷои кори муносиб ёфтем».

Бо мақсади густариши ҳамкории мақомоти давлатӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар фаъолият мекунанд, «Консепсияи ҷалби ҳамватанони хориҷӣ ба сифати шарикон дар рушди Ватан» [4] қабул гардид.

Дар Консепсия мазкур ҳамчун як қадами афзалиятнок фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатиро барои диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ҷиҳати ҳифзи ваҳдати маънавии тоҷикон ва ташаккули ҳисси худшиносии миллӣ дар байни диаспораҳо, муҳоҷирони корӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ ба шумор меравад. Дар консепсия гуфта мешавад, ки ин рушди ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва маҳаллии кишвар, созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони корӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзиро тақозо мекунад. Бо ин мақсад дар Консепсия зарурати таъсиси «Фонди миллии кӯмак ба диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ» пешбинӣ шудааст.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодагии пеш аз муҳоҷирати меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шудаанд: курсҳои забономӯзӣ кушода мешаванд, тренингҳои роҳнамоии касбӣ, системаи мақсадноки ҷалби кадрҳо барои кор дар хориҷа таъсис дода мешаванд, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ташкил карда мешаванд ва марказҳои муҳоҷирати меҳнатӣ якҷоя бо ташкилотҳои кишварҳое таъсис дода мешаванд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба онҷо барои кор мераванд. Дар кишвар якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаҳое амалӣ карда мешаванд, ки ба мутобиқкунонии муҳоҷирони бозгашта ба ҳаёти иқтисодии ҷомеа нигаронида шудаанд.

Аммо ба солимии равонии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан лозим аст, зеро фишорҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва ҳам барои тамоми ҷомеаи мо ба як чолиши ҷиддӣ табдил ёфта истодааст.

Нигоҳ доштани солимии равонии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо тавассути ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, диаспораҳои тоҷикон, иттифоқҳо ва иттиҳодияҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва берун аз он имконпазир аст. Ин шарикии бисёрҷониба на танҳо мушкилоти мавҷудаи равонию эмотсионалӣ ва иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳоро самаранок ҳал мекунад, балки ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи рушди инсонӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори ҳазорсола (ҲРҲ) ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.

 муаллиф Шоира Тоирова

АКС аз манбаъҳои боз

[1] Маркази дастгирии ҳуқуқию иҷтимоии «Фемида».- https://femida.tj/ru/

[2] Портали иттилоотӣ ва таълимӣ «Мигрант – Mobile https://migrant-mobile.com/o-proekte/

[3] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри 2008 сол № 482 » Дар бораи фармоиши давлатии иҷтимоӣ». Манбаи электронӣ — http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=14234

[4] Консепсияи ҷалби ҳамватанони хориҷӣ ҳамчун шарик дар рушди Ватан аз 29 майи соли 2010, № 227. Манбаи электронӣ — http://adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=15502

Октябрь 25, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?