ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ КАДРҲОИ СОҲАИ КИНО ОМОДА МЕНАМОЯНД. Бо ин мақсад Созишномаи нави ҳамкорӣ имзо шуд

Октябрь 20, 2023 13:15

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягии ба номи С. Герасимов (ВГИК) созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳлати ҳамкории мутақобилан судмандро барои панҷ соли дигар тамдид менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи ҳамкориро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягии ба номи С. Герасимов профессор Владимир Малишев ба имзо расониданд.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат бояд аз таҷрибаи ҳамдигар истифода бурда, дар асоси созишномаи ҳамкории баимзорасида сафарҳои кории устодони ҳарду тараф ба муассисаҳои якдигар анҷом дода шаванд.

Дар замони муосир кино яке аз соҳаҳои тараққикардаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Соҳаи кинои ҳар ду давлат таърихи муштарак ва алоқамандии зич дорад. Имрӯз дар баробари он ки техникаву технологияи наву муосир ва барномаҳои гуногуни компютерӣ барои омода намудани кино мавриди истифода қарор мегиранд, инчунин мебояд дар муассисаҳои таълимӣ кадрҳои хуби соҳаи киносозӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ омода шаванд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар асоси созишномаи ҳамкории баимзорасида баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, эҷодӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҷрибаомӯзии илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ-педагогӣ, тайёр намудани мақолаҳои муштараки илмӣ, гузаронидани фестивалҳо, озмунҳо, шабҳои эҷодӣ, намоишҳо ва ғайраҳоро ба таври густурда ба роҳ монанд.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

Октябрь 20, 2023 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид