Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар шаҳри Самарқанд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Гёкхан Язги мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуда, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия дар самти хизматрасониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин масъалаҳои мусоидат дар ҷалби сармояи Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат муҳокима шуданд.
Дар фарҷом мусоҳибон бо назардошти рушди соҳаи сайёҳӣ ва таҷрибаи Туркия дар самти хизматрасонии баланд ва зарфияту имконияти фаровони Тоҷикистон фаъол намудани ҳамкории Тоҷикистон бо Туркияро дар бахшҳои сайёҳии солимгардонӣ, таърихӣ, варзишӣ, рафтинг ва корӣ хеле муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид






