«ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оғоз меёбад

Октябрь 13, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 октябр, соати 10:00 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» Конференсияи дуюми байналмилалӣ ба кор оғоз менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози конференсия аҳли илму адаб ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат дар пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ гул гузошта, оид ба осор ва рӯзгори ӯ суҳбат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудани бахшҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии таълифоти Фирдавсӣ аст.

Конференсия аз 4 бахш: таърих, фалсафа, ҷуғрофия, адабиётшиносӣ, забоншиносию фарҳанг ва ҳунар иборат буда, аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ маърузаҳо пешниҳод мегарданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 13, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд