Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон дар Остона соҳиби 2 медали биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба қисмати нимфиналӣ расид. 29 октябр рақобатҳои даври нимниҳоии духтарони наврас баргузор шуд. Ду намояндаи Тоҷикистон — Париноз Абдулова ва Мино Аъзамзода аз ҳарифонашон мағлуб гардида, сазовори медали биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Остона идома дорад. Ҳоло муштзани навраси тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг, Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг, Билолҷон Иксанов дар вазни то 50кг, Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни то 48кг ва Баҳромбек Ҳотамов дар вазни то 71кг бо мағлуб намудани рақибон ба даври нимниҳоӣ баромадаанд.
23 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 3 ноябр идома меёбад. Дар он 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) дар байни наврасон ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок доранд. Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 24 нафар (13 нафар наврас, 11 нафар ҷавон) дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доранд.
Хотиррасон мешавем, ки дар асоси нақша 23-29 октябр рақобатҳои муқаддамотӣ, 30-31 октябр- муҳорибаҳои нимфиналӣ ва 2-3 ноябр финал баргузор мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






