Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия масъалаи ҳамкориро дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли равон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳамтои худ — Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории ду мамлакат дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар мулоқот ҳамзамон мубодилаи афкор барои таъмини иҷрои Нақшаи тавозуни индикативӣ бо назардошти ҳамасола зиёд гардидани талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан сӯзишвории автомобилӣ ва дизелӣ доир гардид.
Вазирони энергетика инчунин ҳамкорӣ дар самти электроэнергетикаро баррасӣ намуданд.
Далер Ҷумъа ва Николай Шулгинов натиҷаҳои Форуми энергетикии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 3-4 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда буд, ёдовар шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






