ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода иброз намуд, ки барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро маҳз Президенти мамлакат дар минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан намудаанд.
Таъкид шуд, ки ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расидаанд. Имрӯз оламиён ба он дастрасӣ пайдо намудаанд, ки ин ҳам мояи ифтихори ворисони ин тамаддуни қадимӣ ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассуми таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик ва сарвати бебаҳои он ба шумор меравад.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон маърузаҳои пурмазмуни хешро доир ба бақои забони миллӣ баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки соли равон аз қабули он 14 сол сипарӣ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






