ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД! Омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар кадом сатҳ қарор дорад?

Октябрь 17, 2023 14:43

ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода  бо ин мақсад  ситоди назди Сарраёсати маориф дар ҳайати 13 нафар таъсис дода шудааст.

«Тибқи талабот ва меёърҳои тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи захираи ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, маҳсулоти озуқаворӣ барои муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ шуда, барои иҷро ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва муассисаҳои зертобеъ ирсол гардид. Дар айни замон тибқи талабот дар доираи маблағҳои пешбинигардида захираи маводи сӯхт ва хӯрокворӣ идома дорад»,-гуфт ӯ.

Ба иттилои мавсуф, барои таъмири ҷории муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 1 миллиону 654 ҳазору 893 сомонӣ, Шоҳмансур- 8 миллиону  984 ҳазору  747 сомонӣ, Фирдавсӣ- 8 миллиону 668 ҳазору 836 сомонӣ, Сино- 10 миллиону 708 ҳазору 43 сомонӣ ва ба муассисаҳои зертобеъ 8 миллиону 538 ҳазору 64 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Муассисаҳои таълимии буҷетӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардида корҳои таъмирию ободонӣ ва омодагиро ба соли нави таҳсил ба анҷом расониданд.

«Ҷиҳати пешбинӣ намудани маблағ барои фаъолияти дегхонаҳои худмухтори барқию ангиштӣ бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳаи маориф корҳои омодагӣ оғоз шуда, дар ин самт ҷиҳати мақсадноку самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва ба шакли алтернативӣ гузаронидани дегхонаҳои барқӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таклифу пешниҳод шудааст», -тазаккур дод ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар тавозуни муассисаҳои таълимӣ 61  дегхонаи худмухтори ангиштию барқӣ буда, аз ин шумора 2 дегхонаи ангиштӣ ва 5 дегхонаи барқии муассисаҳои таълимии томактабии №24, Кӯдакистони «Хуршеди Тоҷикистон», муассисаи томактабии №82-и назди ҶДММ  «Насоҷии Тоҷик», Хонаи кӯдакони №1, муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ», Мактаби президентӣ, МТМУ №49 тибқи нақша ба муассисаҳои барқу гармидиҳӣ пайваст шуданд.

Дар айни замон 24 дегхонаи ангиштӣ ва 30 дегхонаи барқӣ боқӣ монда, барои фаъолият дар давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд. Дегхонаҳо дар давраи мавсим бо шумораи зарурии аловмон таъмин шуда, бо музди меҳнат таъмин мешаванд. Холати корӣ ва техникиииин дегхонаҳо аз ҷониби Хадамоти назорати барқу энергетика мавриди санҷиш қарор дода шуда, барои омода буданаш иҷозатномаи махсус пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи Асомиддин Бобозода, дар доираи маблағҳои пешбинигардида ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати дар семоҳаҳои дуюм ва сеюм харидани маводи сӯхт, маҳсулоти озуқа ва аз таъмири ҷорӣ баровардани иншооти соҳаи маориф ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, амалӣ гардидани онро Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

«Нақшаи захираи ангишт ба ҳолати имрӯза бо назардошти бақия -1620,4 тонна, ҳезум бо назардошти бақия – 1116,1 метри мукааб, сӯзишвории дизелӣ – 8362,0 литр харида шуда,  дар анбори муассисаҳои нигоҳ дошта шудааст. Маҳсулоти ғизоӣ дар доираи талаботи Нақшаи захиракунӣ оғоз шуда, 20,9 тонна орд, 6,4 тонна равған, 14,5 тонна биринҷ, 14,9 тонна шакар, 4015 адад консерваҳо, 67,7 тонна картошка, 38 тонна пиёз, 14,6 тонна сабзӣ ва зиёда аз 20 тонна дигар маҳсулоти донагӣ захира шудааст», -афзуд сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Инчунин гуфта шуд, ки дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ситоди фаврии назди Сарраёсат аз ҳисоби масъулини Сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт таъсис дода шуда, омодагии муассисаҳо дар ҷаласаҳои ситод мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳамзамон ҷиҳати омода намудани низоми гармидиҳии муассисаҳои таълимии пойтахт корҳои омодагӣ оғоз шуда, ҷиҳати сари вақт пайваст шудани онҳо ба шабакаҳои гармидиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар мавсими имсола тибқи нақшаи пешбининамудаи Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бо назардошти иншооти иловагӣ 201 иншооти соҳа барои қабули неруи гармӣ пешбинӣ шудааст, ки ин шумора нисбат ба мавсими гузашта 16 адад зиёд мебошад. Аз ин дар ноҳияи Фирдавсӣ 9 иншоот, дар ноҳияи Шоҳмансур 2 иншоот, дар ноҳияи Сино 1 иншоот, ноҳияи И.Сомонӣ- 3 иншоот ва дар муассисаҳои зертобеъ 1 иншоот ба ҳисоб меравад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар айни замон дар 193 иншоот санҷиши корҳои гидравликӣ ба анҷом расонида шуда, дар боқимонда иншоот бо ҷалби мутахассисони соҳаи барқу гармидиҳӣ корҳо идома доранд.

«Бо мақсади сарфаи энергияи барқ муассисаҳои таълимии пойтахт бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин буда, инчунин синфхона, роҳрав, гурӯҳҳо, утоқҳои корӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо лампаҳои каммасраф  таъмин шудаанд. Масъалаи истифодаи мақсадноку самараноки неруи барқ таҳти назорати доимии мақомоти дахлдор, роҳбарону муассисаҳои таълимӣ ва ситод қарор дорад», -гуфт Асомиддин Бобозода.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, бо мақсади иҷрои саривақтии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифзи ҳаёту саломатии тарбиягирандагону хонандагон ва  кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ қисмҳои болопӯши бино ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо маҳлули аз оташ тобовар коркард шуда, меъёр ва фосилаи байни катҳои хоби тарбиягирандагон ва хонандагон тибқи муқаррароти санитарӣ-гигиенӣ амалӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 31 ҳазору 471 тарбиягиранда фаъолият доранд. Инчунин 201 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 285 ҳазору 378 нафар хонанда, новобаста аз шакли моликият ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2023 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» ифтитоҳ ёфт
Барои таҳқиқоти илмӣ то 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардид
РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Давоми 7 соли охир дар Душанбе 22 кӯдакистон ба истифода дода шуд
Китобҳои дарсии синфҳои 8 ва 9 «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони туркманӣ нашр шуданд
Дар ноҳияи Рашт оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба рушди соҳаи маориф вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда сохта мешавад
ЗИЁДШАВИИ МАОШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ОНҲО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ДУЧАНДРО ТАҚОЗО ДОРАД. Бардошт аз ҷаласаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон
Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода шавад
Дар Душанбе бо иштироки 1048 хонанда даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ оғоз гардид
РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
Дар панҷ соли оянда дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, бояд як муассисаи томактабӣ бунёд карда шавад