Дар Хоруғ «Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи об ва иқлим» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Ноябрь 13, 2023 14:53

ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба иқлим ва об» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Нахуст ҳайати расмӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатии шаҳри Хоруғ ва расму мусаввараҳо бахшида ба об шинос гардид.

Гуфта шуд, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки коҳиши минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.

Дар ин самт барномаи ташаббусҳои Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ҳалли масоили глобалии вобаста ба об аҳамияти беназир касб намуд.

Бо ибтикори роҳбарияти Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳои Соли байналмилалии «Оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) қабул гардиданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз суханронии Пешвои миллат дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим, ки 14 декабр баргузор гардида буд, ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул ва муайян гардид.

Сипас, коршиносон ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзуъҳои «Арзёбии иқтисодии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои глобалӣ», «Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим», «Иқдоми сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- омили ваҳдат ва ҳамбастагии миллат», «Моҳият ва аҳамияти миллӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи обу иқлим», «Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об ва нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об», «Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи об» ва дигар мавзуъҳои гуногуни вобаста ба ҳамоиш маъруза намуданд.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

Ноябрь 13, 2023 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд