Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки намояндагони масъули давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон ва Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода дар шакли маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Иштирокчиёни ҷаласа оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб, полиграфия, ҷамъбасти Озмуни XX-уми байналмилалии «Санъати китоб» ва омодагӣ ба баргузории озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маърӯза намуданд.
Иштирокдорони ҷаласаи машваратӣ дар бораи вазъияти нашри китоб ва паҳнкунии китоб дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа изҳори андеша намуданд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи 21-уми Озмуни санъати китоб бо иштироки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






