БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд

Ноябрь 6, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 06.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар ноҳияи Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. То имрӯз чандин иншоот бо фарогирии ҷои кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки аз марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои маорифу тандурустӣ иборат мебошанд.

Дар ноҳия ҷиҳати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти мамлакат нақшаи мукаммал тарҳрезӣ гардида, то имрӯз 31 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Яке аз ин гуна иншоот бинои Маркази ҷавонон аст.

Ёдовар мешавем, ки 21 октябри соли равон Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, фармоишгар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳайё” мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил дода, бино бо назардошти иншооти ёрирасон дар масоҳати 250 метри мураббаъ доман густурдааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Марказ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютерӣ ҷалб намудани онҳо имконияти мусоид фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида бо техникаю технологияи насли нав ҷиҳозонида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншоот ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин амалӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷиро дар Марказ иқдоми зарурӣ шуморида, ба ҷавонон таъкид намуданд, ки аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат васеъ истифода намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешбурд ва рушди соҳаҳо ҳисса гузоранд. Зеро Тоҷикистон ҷавон аст ва ба ҷавонони донишманду лаёқатманд ва дорои ахлоқи ҳамидаю маърифати баланд эҳтиёҷ дорад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд