Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара сафар намуданд

Ноябрь 10, 2023 09:32

ДУШАНБЕ, 10.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31- солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари як гурӯҳ ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо, устодону донишҷӯён ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» ба шаҳри Норак ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид карда шуд, ки «таҷлили Рӯзи Президент барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихор аст, зеро он рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад».

Ба таъкиди ҷавонони фаъол, имрӯз ҳар ҷавони мамлакат нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории навин, эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эҳсос намуда, пайваста кӯшиш менамояд, ки дар паҳлуи Сарвари давлат истода, ҷиҳати пешрафи ин сарзамин саҳм гузорад.

Тазаккур дода шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҷомеа қувваи бузург меҳисобанд. Аз ин рӯ ҷавонон бояд ифтихор намоянд, ки идомадиҳандаи таърих, фарҳанг ва миллати куҳанбунёд ҳастанд. Имконоти фароҳамомада дар фаъолияти ҷавонон гувоҳи он аст, ки ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2023 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид