Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутионӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин филми мустанад оид ба фаълияти созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд.
Дар идома оид ба нақш ва моҳияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, қарорҳои таърихии он, оғози фаъолияти пурсамари роҳбарияти навинтихобгардидаи мамлакат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати миллӣ, ободии мамлакат ва некуаҳволии халқ сухан гуфтанд.
Сиву як сол муқаддам вакилони мардумии халқ ба авзои бениҳоят мураккаб ва ноороми сиёсию иҷтимоии мамлакат нигоҳ накарда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандию инсонии худро иҷро намуда, Иҷлосияи XVI тақдирсози миллатро баргузор ва ба бақои давлату миллат асос гузоштанд. Самараи ҳамин иҷлосияи таърихӣ ва нақши шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо халқи тоҷик аз дастоварду музаффарияти беназири даврони соҳибистиқлолӣ меболаду баҳравар мегардад. 16 ноябри соли 1992 минбаъд дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ояндаи давлат ва миллатамонро равшан намуда, дар расидан ба ормонҳои гузаштагон — бунёди давлатдорӣ ва давлатсози миллӣ заминаи воқеӣ гузошт. Ин чорабинӣ ба роҳбарияти сиёсии мамлакат қувва ва неруи нав бахшида, ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими идораи давлат ва ислоҳоти он раҳнамун сохт. Дар дили мардуми ҷафокашида орзуву умедро барои ояндаи давлат, миллат ва фарзандони онҳо бедор намуд. Ҳокимият ва ҷомеаро бо ҳам муттаҳид сохт.
Дар маърузаҳо оид ба «Иҷлосияи XVI ва нақши он дар давлатдории навини Тоҷикистон», «Президент- ҳомии Конститутсия ва кафили пойдориву бардавомии давлат», «Президент ва музаффарияти даврони Истиқлол», «Президент-асосгузори сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Президент-кафили сулҳу ваҳдат» ҷанбаҳои таърихии ин ду ҷашни сиёсию давлатӣ ва алоқамандии ногусастании онҳо, ба мактаби бузурги сиёсӣ ва фарҳанги идоракунӣ табдил ёфтани институти Президент, нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар тарбияи элитаи нави милии сиёсӣ ва дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодии мамлакат баён шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






