Байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия созишнома ба имзо расид

Ноябрь 2, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр маросими баимзорасонии Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентии назорати маводи нашъаовар дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва аз ҷониби Русия Вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ба таври фосилавӣ ба имзо расониданд.

Созишнома бо роҳи татбиқи Барномаи мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо давоми солҳои 2023-2025 амалӣ мешавад.

Зимни баимзорасонӣ директори Агентӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои мамлакат дар самти назорати маводи нашъаовар маълумот пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо вазъи назорати маводи нашъаоварро дар Тоҷикистон ва минтақа муҳокима намуда, аз афзоиши қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои марбут ба он изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар хотима ҷонибҳо барои рушду тақвияти бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид