Байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо мерасад
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон вохӯрӣ анҷом доданд, ки зимни он ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тезонидани шуруи ҳамкорӣ барои ба имзо расонидани Ёддошти Тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баён доштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ба густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад.
Ваколатдор доир ба самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, изҳор намуд, ки фаъолияти мақомот на танҳо дар руҳияи таъмини кафолати эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ифода меёбад, балки ҳамчунин дар густариши ҳамкории зич ва муфид бо якчанд созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ амалӣ мешавад.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаҳои мубрами самти ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки бештари онҳо ба масъалаҳои таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳимояи ҳуқуқҳоии шахсони маъюб, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъалаҳо рабт доштанд.
Сафир баён дошт, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории минбаъда байни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони ҳарду ҷониб Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омода аст тамоми афзалияти ҳамкории муфиди тарафайнро баррасӣ намояд.
Иброз гардид, ки ҷиҳати тезонидани шуруи ҳамкории ду ҷониб ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зарурати ниҳоӣ дорад. Аз ин хотир пешниҳод шуд, ки пешнависи ин Ёддошти тафоҳум ба баррасии ҷонибҳо омода ва манзур шавад.
АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






