Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 15, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузоштаанд. Чунин иброз дошт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зимни ҳамоиш бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд.

Ҳамоиш аз ҷониби факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» доир шуда, зимни он тазаккур дода шуд, ки дар давоми ду даҳсолаи охир нақш ва саҳми Пешвои миллат дар вусъати раванди табъу нашри адабиёти илмиву оммавӣ, бахусус, китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимию методӣ, рисолаҳои илмии олимон, адибони классику муосири тоҷик, тарҷумаи осори пурқимати шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон, дастраси хонандагони тоҷик гардонидани онҳо, таъсиси китобхонаҳои электронӣ, истифодаи самарабахши китобҳои аудиоӣ ва электронӣ ниҳоят бузургу беназир ва қобили ситоиш мебошад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, пайваста дар ҳолати рушд қарор дорад.

Дар ҳамоиш аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд барои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, пойдории миллату фарҳанг, эҳтироми муқаддасоти миллии худ пайваста   саҳми босазо гузоранд.

Ҷавонон иброз доштанд, ки имрӯз онҳо насли хушбахту саодатманд-пайравони асилу ҳамешагии Пешвои миллат буда, барои ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ободиву озодии ин сарзамини зархез, ки номаш Тоҷикистон аст, аз сидқи дил, бо тамоми ҳастиву тавоноӣ саъю талош менамоянд.

Дар анҷом оид ба натиҷаҳои ҳамоиши илмӣ байни иштирокчиён табодули афкори судманд доир шуда, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба чанд омӯзгор ва донишҷӯ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома тақдим гардид.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Ноябрь 15, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд