Дар Душанбе Конфронси миллӣ оид ба ҳалли масоили зӯроварии гендерӣ баргузор шуд

Ноябрь 27, 2023 15:25

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола дар Тоҷикистон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ» гузаронида мешавад. Дар доираи он дар шаҳри Душанбе  Конфронси миллӣ оид ба ҷалби мардон ва писарон ба ҳалли масоили зӯроварии гендерӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш мавзуъҳои «Баррасии ҳолати амали ҷалби мардон ба пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон. Таҷрибаҳои беҳтарин дар Осиёи Марказӣ», «Баррасии ҷалби мардон ва писарон: Омили калидӣ баҳри расидан ба баробарии гендерӣ», «Таҷрибаҳои беҳтарин оид ба ҷалби мардон ва писарон: Тоҷикистон. Ҳамкорӣ бо ходимони дин дар самти оиладорӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ»  муҳокима гардиданд.

Бояд гуфт, ки маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ»  дар иртибот ба «Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст. Дар робита ба ин ҳамасола дар тамоми вазорату муассисаҳои ҷумҳурӣ барномаҳои иттилоотӣ доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар ҷомеа имрӯзҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир шуда, бар зидди онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум ҳамчун хушунати мард нисбат ба ҳамсар, хушунати модаршӯ нисбат ба келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбат ба духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад.

Омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё месозанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти ҳаёти занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, махсусан мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Давлати мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, конвенсияҳои СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва Протоколи иловагии он, «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», қатъномаҳои Шурои бехатарии СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраро ба тасвиб расонд. Қабулу амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» шаҳодати ин гуфтаҳо аст.

Саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми зан пазируфта шуд. Ин омили эътироф намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат мебошад.

Дар баробари ин дастгириву пешравиҳо  занонро зарур аст, ки пайваста донишу малакаи худро такмил диҳанд, шахсияти худро танҳо бо меҳнати ҳалол ва ҷаҳду талоши ватансозӣ муаррифӣ намоянд. Ба Ватани худ- Тоҷикистон бо меҳнати фидокорона, худшиносии баланди миллӣ, зиракии сиёсии ҳамешагӣ ва самимияту эҳтироми хосса хизмат намоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОЁ МЕДОНЕД? Бағоҷи дар фурудгоҳ фаромӯшшуда чӣ гуна ба соҳибаш баргардонида мешавад?
САБАБИ ЗИЁД ГАРДИДАНИ ТУМАН ДАР ЧИСТ? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ
Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
Ба шаҳрҳои Бохтар ва Левакант техникаи нави партовпартоӣ тақдим гардид
Дар Тоҷикистон скутерҳо ба қайд гирифта шуда, бо рақами давлатӣ таъмин карда мешаванд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ТИКА баррасӣ гардид
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 17 то 20 январ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд
Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад
ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?