Дар Форуми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин 25 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи шашуми Зеркомиссияи муштараки Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чини назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Форуми соҳибкорӣ ва иқтисодию тиҷоратии ҳар ду тараф баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Форум бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй доир шуд.
Дар доираи он бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкорӣ вобаста ба масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии минтақа, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои технологӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои муосир, инчунин иқтисоди “сабз”, содагардонии расмиёти савдо ва тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни соҳибкорони ҳарду тараф муколама доир шуд.
Илова бар ин дар доираи форум 25 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла байни Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ҶСК «ТВЕА»-и Чин, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, донишгоҳҳои ҳарду ҷониб, муассисаҳои тиббӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ҳамзамон ба маблағи умумии зиёда аз 100 миллион доллари ИМА шартномаҳо байни субъектҳои хоҷагидорӣ ба имзо расонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд






