Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфоне, ки бегоҳӣ дар Истанбул ба амал омад, ба нақлиёт ва зиндагии мардум таъсири манфӣ расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Казинформ».
Дар робита ба ин ҳодиса мақомот киштиҳоро дар ду самти гулӯгоҳҳои Босфор ва Дарданел бастаанд. Дар фурудгоҳҳои Истанбул беш аз 70 парвоз лағв шуда, дар сеяки қаламрави Туркия бинобар ба 70-80 км/соат расидани шамол сатҳи “зард” ва “норинҷӣ”-и хатари обу ҳаво эълон шудааст.
Бар асари тӯфони шадид киштии боркаши «Kadriye Ana» дар баҳри Мармара дар наздикии Истанбул ба қаър афтод. Экипажи киштӣ бонги хатар зада, дар бораи ҳолати эҳтимолии шикастан ва ғарқшавӣ хабар дод. Ба туфайли кумаки саривақтӣ 12 маллоҳи киштӣ наҷот дода шуд.
Дар айни замон мутахассисон резиши нафтро месанҷанд, зеро дар ин киштӣ қариб 600 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол меёфт.
АКС: pixabay