Дар ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи Конститутсия чорабинии идона доир шуд

Ноябрь 5, 2023 13:43

ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.

Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Конститутсия — давлати  Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.

Дар идома гуфта шуд, ки бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Дар чорабинӣ ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд ва ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар хотима аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барномаи театрикунонидашуда пешкаш гардониад шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Ноябрь 5, 2023 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад